Левакант: Чорабинии сиёсӣ-илмию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи забон

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор дар мавзуҳои “Забони миллат-ҳастии миллат” ва “Омӯзгор пешбарандаи ҷомеа” чорабинии сиёсию илмӣ ва маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамроҳ, муовини аввали раиси шаҳри Левакант-Кабирзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант-Шарифхон Баротзода, аъзоёну ҷонибдорон ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва омӯзгорону ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Меҳмонон ва иштирокдорон қабл аз чорабинӣ аз Осорхонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “ЛКСК”-и дар шаҳри Левакант, ки дар он хотироти даврони донишҷӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аксҳо аз даврони фаъолияти сиёсии Пешвои миллат нигаҳдорӣ мешаванд дидан намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини аввали раиси шаҳри Левакант-Кабирзода Неъматулло ба сухан баромада, тамоми иштирокдорони чорабиниро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрик намуд. Ӯ зимни баромади худ қайд намуд, ки омӯзгор беҳтарин касест побарҷо нигоҳдорандаи забони тоҷикӣ ва тарбиятгару маърифатпарвари насли имрӯзу ояндаи миллат.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон-Саидзода Ҷамшед вобаста ба нақши таърихии Пешвои миллат ва саромадони миллати тоҷик дар таҳкиму густариши забони тоҷикӣ баромад намуд. Инчунин ӯ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асарҳои пурмуҳтавои худ аз он ҷумла “Забони миллат-ҳастии миллат” барои бузургию шаҳомати забони тоҷикӣ факту далелҳои дақиқро нигоштааст. Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша посдори ин забони нобу шево бошем.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант-Баротзода Шарифхон дар маърӯза ва сухани табрикии худ бахшида ба ин ду саннаи мубораку фархунда Рӯзи забон ва Рӯзи касбии омӯзгорон тамоми иштирокдорон ва омӯзгоронро табрик намуд. Ӯ зикр кард, ки забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Сипас дар ҳамин фазои идона аз тарафи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи маттаҳидаи итифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ба як қатор омӯзгорони собиқадору пуртаҷриба ва омӯзгорони ҷавони фаъоли филиали ДБССТ дар шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи забон ва Рӯзи касбии омӯзгорон Сипосномаву Ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, барномаи идонаи омодакардаи ансамбли “Соҳибкор”-и филиали ДБССТ дар шаҳри Левакант ва суруду таронаҳои ватандӯстонаи ҳунарманди шинохта Хуршеди Шокир пешкаши тамошобинон гардонида шуд.