БОЗДИДИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ.

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷояги бо аъзои фаъоли ҳизб ва собиқадорони ҳизб аз Осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и дар шаҳри Леваканд, дидан ба амал оварда шуд.

Дар саҳни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант фаъолони ҳизбро муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора  ТҶҶ “Созандагони Ватан” мудирон ва дигар фаъолони ҳизб истиқбол гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои фаъоли ҳизб оид ба фаъолияти ин фарзанди бузургӣ миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки охири соли 1969-дохилшуда соли 1971-ягӣ асри гузашта дар Омӯзишгоҳи касбӣ техникии №40-и шаҳри Калининобод (имрӯза Литсейи касбӣ-саноатии кимиёи шаҳри Левакант) таҳсил намудааст, аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Аз ин рӯ, аёнияти таълимии замони таҳсили Президенти мамлакат дар ин таълимгоҳ ҷамъоварӣ гардида, дар осорхона маҳфуз дошта мешаванд. Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант соли 1967 таъсис ёфтааст. Ҳоло литсей аз се бинои таълимӣ, се хобгоҳ, ошхонаю майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати беш аз 5-гектар ҷой гирифтааст. Шиносоӣ бо бозёфтҳои ин Осорхона, ки муаррифгари фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аст ба тамошобинон рӯҳу илҳоми тоза бахшид.