МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4-уми октябри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр дар саросари кишвар таҷлил мегардад, дар бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Дар мизи мудавар аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва ҷавонони ноҳия ҳузур доштанд.
Мизи мудавварро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ Қосимӣ Назокат оғоз намуда, нахуст ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош гуфта, қайд намуд, ки бузургдошти забони давлатӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бузургдории давлатдории миллӣ ва пойдории арзишҳои ҳуввиятсозии миллӣ дар назариёти сиёсӣ ва сабки давлатдории Пешвои миллат аз аҳамияти бағоят муҳим бархӯрдор аст. Ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибони забон мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид мекунанд, ки забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад. Забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарват, ифтихор ва рӯйи сурху сари баланди мо - тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад. Ин санаи муҳим, 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон дар саросари кишвар ботантана таҷлил мегардад.