САРҲАДИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Таҳти ҳамин унвон дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли ҷорӣ таҳти №36 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми оятябр дар саросари ҷумҳурӣ бо тантана таҷлил мегардад. Вобаста ба ин Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ, маҳфили адабӣ- фарҳангиеро таҳти унвони "Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст" бо иштироки муҳассилини Гимназияи давлатии №.1 ва Муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 баргузор намуд. Дар маҳфил мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи Иҷроия бахтзода Ҷомӣ дар бораи забони модарӣ маърӯза намуда, сипас миёни хоандагони ду муасиссаи таълимӣ дар бораи забони давлатӣ саволу ҷавоб шеърбарак ва қироати шеър ба роҳ монда шуд.
Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Кабиров Ҷомӣ