АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «РӮЗНОМА» МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ РӮЗНОМАИ «ҲАҚИҚАТИ ХОВАЛИНГ»-РО ТАЪМИР НАМУДАНД

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Коллективи кормандони муассисаи давлатии идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ховалинг» аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рӯзнома» таҳти роҳбарии раиси ташкилот, сармуҳаррири рӯзнома Ардашер Исломов ташаббус нишон дода, баҳри таъмиру тармими бинои муассиса камри ҳиммат бастанд.

Онҳо дохили утоқҳои кориро таъмир намуда, бо шароитҳои мусоид ва асбобу анҷомҳои корӣ муҷаҳхаз гардониданд. Ҳамчунин, деворҳои биноро сафеду рангубор карданд. Дар деворҳои бино шиору вовезаҳо ва банерҳои рамзҳои давлатӣ, кормандони собиқи идораи мазкур, сармуҳаририрон ва расмҳои Пешвои муаззами миллатро насб карданд, ки ба ҳусни идораи мазкур зебогии дигар зам намуд.

Қисмати беруни бинои идораи рӯзномаро низ сафед карда, ҳусни корхонаро зебо намуданд.

Рангубор намудани дарвозаи идора, насби банери номи муассиса, насби навиштаҷоти иқтибос аз суханрониҳои Пешвои муазхзами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба тартиб даровардани саҳни муассиса низ аз корҳое буданд, ки дар ҳашари умумӣ аз тарафи кормандони идораи рӯзнома, аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Рӯзнома» ба сомон расонидаанд.

Боварӣ ҳаст, ки дигар ташкилотҳои ибтидоӣ ва коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо аз ин ободонии кормандони идораи рӯзнома ибрат гирифта, дар ободониву таъмиру тармими корхонаҳои худ саҳми бузург мегузоранд.