БЕ МАОРИФ ПОЯИ  ДАВЛАТ НАМОНАД УСТУВОР

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 2 октябри соли 2023 Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба шуъбаи маорифи шаҳри Норак ташриф оварда, кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва кулли омӯзгоронро бахшида ба ҷашни касбии Рӯзи омӯзгор табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, пирӯзиву зафармандӣ ва дастовардҳои нави касбиро  таманно  намуд.

Шаҳло Ҳасанзода зимни баромадашон чунин қайд намуданд, ки омӯзгор будан боиси ифтихори сарфарозист, зеро на ҳар як инсон омӯзгор шуда метавонад. Беҳуда нест, ки мутафаккире мефармояд: ”Омӯзгор ба монанди ҳамон шамъест, ки худ месӯзад, то ба дигарон рӯшноӣ бахшад”

Ё ин ки ”Омӯзгор сарбоз нест, ки орзуи генерал шудан дошта бошад,  балки ӯ генералҳоро тарбия намуда, ба ҷомеа туҳфа мекунад.,,

Ҳайдарзода Садбарг мудири  шуъбаи маориф аз табрикоти раиси Кумита изҳори қаноатмандиву хушҳолӣ намуданд ва қайд намуданд, ки барои тарбияи насли наврас аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳанд бурд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон шахсиятҳои комил тарбия хоҳанд кард.

Дар фарҷом мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак Ҳайдарзода Садбарг Ҳайдар бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қадрдонӣ карда шуд.