ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БАҲРИ АМАЛИСОЗИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ МАСЪУЛИЯТПАЗИРАНД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Балҷувон, баҳри амалигардонии ташаббусҳои ҳизбӣ аз худ масъулияти бузург нишон дода, баҳри ободиву зебогӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф чораҳои зарури андешида, ҳамчун аъзоёни фаъол ва ҷонибдори ҲХДТ дар ноҳия масъулияти шаҳрвандии хешро бо дилу нияти пок иҷро менамоянд.

Зеро ки мактаби бузурги ободкориву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонии Пешвои муаззами миллат барои ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпараст роҳи орзуҳои мувафақият ба суйи ояндаи дурахшон ва чароғони Тоҷикистони азиз мебошад.

Ин аст, ки имрӯзҳо дар доираи аксияҳои ҳизбӣ ва амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми ҳар як аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ дар ободонии ноҳия назарас аст.