РАВАНДҲОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ҶОМЕА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ташкилотҳои ибтидоӣ меҳвари пешбарандаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, дар асоси  Оиннома ва Барномаи ин неруи пешбарандаи ҷомеа амал мекунанд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар заминаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар суроғаи ҷойи кор ва макони истиқомати аъзои ҳизб созмон дода шуда, он аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба расмият шинохта мешаванд.

Тибқи иттилои Сабоҳат Салимова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, фаъолияти пешоҳангонаи ҳизбиён дар ноҳия аз тақвият ёфтани  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобастагӣ дорад, ки фаъолони он ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо саъю талош намуда, таваҷҷуҳи аъзо ва ҷонибдорони  ҳизбро дар маҳал ба иқдомҳои наҷиби ободониву созандагӣ ва дигар ташаббусҳои хайрхоҳона ҷалб месозанд.
 

- Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Вахш, ки теъдодашон ба 145 адад мерасад, ба ҳайси заминагузори татбиқи барномаву ташаббусҳои ҳизбӣ дар ҷалби нафақат аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, балки тамоми қишрҳои ҷомеа ба корҳои ободониву созандагӣ нақши муҳим доранд. Биноан, тамоми дастоварду натиҷаҳои назарраси фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз сатҳу сифати ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва ташаббусҳои наҷиби роҳбарону фаъ-олони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ марбут аст, ки ба симати шахсиятҳои соҳибэҳтирому нуфузманди маҳалҳо ҷомеаро ба амалисозии иқдомҳои пешгирифтаи ҲХДТ таҳрик мебахшанд.
 

Пӯшида нест, ки имрӯз дар баробари баланд гардидани нуфузу эътибори  ҲХДТ дар ҷомеа, ҳамзамон, шумораи аъзо ва ҷонибдорони он аз ҳисоби сокинони деҳу рустоҳои дурдаст зиёд шуда истодааст, ки ин аз ҷонибдориву ҳамовозии мардум, аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар ва ҳизби пешбарандаи ҷомеа  дарак медиҳад, - иброз дошт дар суҳбат бо мо Дилшод Раҳматуллозода, муовини мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.  
 

Тибқи натиҷагириҳо аз фаъолияти нуҳмоҳаи ҳизбиёни ноҳия дар соли ҷорӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соҳаҳои маориф, Кумаки аввалияи тибии санитарӣ, Идораи андоз, Корхонаи фаръии давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Вахш фаъолияти назаррас дошта, дар баробари афзудани сафи аъзо, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, пардохти  саривақтии аъзоҳаққӣ ва ҷалби фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ ба иқдомҳои ободониву ташаббусҳои накукорӣ нақши пешоҳангӣ доранд.
 

Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи муҳими созандагиву ояндасозиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши роҳнамои ҷомеаро мебозад, ҳамсафи ҷавонону фаъолзанон сокинони синну соли гуногун низ фаъолнокӣ нишон дода, бо ташаббусҳои наҷиб ва саҳмгузорӣ дар иқдомҳои ободонӣ ҳизби моро ҳамчун неруи ояндасози Тоҷикистон  муаррифӣ менамоянд. Яъне, ташаббусҳои неку хайрхоҳонаи ҳизбиён ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду ободии Меҳан тамоми қишри мамлакатро таҳрик мебахшад, - иброз медорад, Дилшод Раҳматуллозода.
 

– Лозим ба ёдоварист, ки аз шумораи умумии аъзои ҳизб дар ноҳияи Вахш 24% ё худ 3069 нафарро ҷавонон ташкил дода, инчунин, теъдоди 5463 нафарро бонувони фаъоли ноҳия ташкил медиҳанд, ки ин неруи бузурги ояндасоз дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва барномаву ҳадафҳои пешгирифтаи ҲХДТ нақши бағоят муҳим мебозанд.
 

Мусаллам аст, ки бо шарофати фарогирии ҳама орзуву хостаҳо ва манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа ба ҳисоб рафтани барномаҳои мавриди амали ҲХДТ имрӯз фаъолиятҳои назаррасу судманди ҳизбиён дар тамоми самтҳои ҷомеа ва давлат, аз қабили бунёдгузории иншооти гуногуни хизматрасонӣ, ташкили ҷойи кору таъмиру тармими роҳу пулҳо, сохтмону азнавсозии мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва бунгоҳу марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо баръало ба чашм мерасад.
 

Бо дарназардошти таърихи қадиму мавзеъҳои тамаддунҳои бостонии қаламрави ноҳияи Вахш имрӯзҳо фаъолони ҲХДТ ҷиҳати ҷавобгӯ будани меъёрҳои байналмилалӣ, баҳри фароҳам овардани шароиту имкониятҳои сайёҳӣ дар радифи вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва ороишу таъмини тозагии роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия, инчунин дар бунёди инфрасохтори сайёҳӣ низ ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо дарки амиқ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва нуктаҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида, корҳои ободониву бунёдгароиро аз хонаву коргоҳи хеш оғоз бинмуда, дар таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми худро гузошта истодаанд.
 

Ба гуфтаи Сабоҳат Салимзода, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар баробари шумораи аз ҳама бештари аъзои ҳизб дар соҳаи маориф ва сохтори Кумаки аввалияи тиббии санитарӣ роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ва “КАТС”  дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизбӣ ва ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва оммафаҳмонӣ, иштироки фаъолона дар ҳамоишҳои ҳизбӣ нақши пешоҳангӣ доранд.
 

Тибқи иттилои расида айни замон шумораи аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” 628 нафар ва  ТИ “КАТС”-и ноҳияи Вахш 671 нафарро ташкил дода,  кормандони ин соҳаҳо, ки узви фаъоли ҲХДТ мебошанд, дар самти иҷрои вазифаву масъулиятҳои касбӣ, иҷрои дастуру супоришҳои ҳизбӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву чорабиниҳои роҳандозинамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  намунаи ибрат ба ҳисоб мераванд.

Тавре, ки Вализода Сайфиддин, роҳбари ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” иброз медорад, дар доираи омодагӣ ба  ҷашнҳои  фархундаи 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иқдоми созандаи аъзои ҲХДТ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бунёди 10 синфхонаи иловагӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва №45 панҷтоӣ синфхонаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамчунин муассисаҳои таълимии №46 ва 16- и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод пурра азнав сохта мавриди баҳрабардории насли наврас қарор дода шудааст.
 

Дар радифи дигар ташаббусҳои ҳизбӣ мо маорифчиён амалиёти “Мактаби ман” ва “Соати сиёсӣ”-ро ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи ободониву рушди соҳаи маориф ва тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон муҳимму саривақтӣ мешуморем. Зеро ин ташаббуси муштараки ҳизбиён бо кормандони соҳаи маориф дар ҳаллу фасли мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсиву ташаккули афкори ҷомеа дар руҳияи меҳанпарастӣ ва ҳисси масъулиятшиносии мардум дар ҳифзи арзишҳо ва марзу буми Ватани азизамон таъсири ниҳоят муҳим хоҳад гузошт, - зикр намуд Сайфиддин Вализода.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”