А. ҶОМӢ. Ҷараёни созандагию бунёдкориҳо

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию  созандагӣ  бомаром  идома дошта, сокинони фаъоли ноҳия кӯшиш карда истодаанд, ки ин санаи таърихиро бо дастовардҳои бузург истиқбол намоянд.

Барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи зебоманзари кишвар сокинони ноҳия дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилоят баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи давлатӣ тасмим гирифтаанд, ки беш аз 203 иншооти таъиноташон гуногунро бунёд намоянд. Аз ин шумора давоми соли гузашта,  25 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Тибқи иттилои мутахассиси пешбари  бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия Музаффар Нозиров то имрӯз зиёда аз 24 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст. Интизор меравад, ки то охири соли  ҷорӣ боз 40 иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода мешавад.  Ҳамчунин дар назар аст, ки давоми соли ҷорӣ биноҳои Кумитаи андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва инчунин, бинои истиқоматии панҷошёна барои хизматчиёни давлатӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
 

Бо шукургузорӣ аз фазои орому осоиштаи кишвар Музаффар Нозиров изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Барои ноил гардидан ба ин неъмати зиндагӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат шарафи бузург ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо ба он мусоидат намуд, ки рушди босуботи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардида, сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.
 

Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Бо бунёд гардидани биноҳои баланд-ошиёна, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва роҳравҳои хушатрҳу замонавӣ ба симои ноҳия ҳусну зебогии бештар мебахшад. Баҳри дар сатҳи баланд истиқбол намудан аз Истиқлоли кишвар сокинон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат пайи ободии ноҳия бипардозанду иншоотҳои нав ба навро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
 

Фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, со-ҳибкорони муваффақ ва шахсони саховатпешаи ноҳия пайи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста талош бар он доранд, ки дар ободонию созандагии  ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузоранд.
 

Ҳамин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ  дар ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинону соҳибкорони меҳанпараст даҳҳо иншоотҳои гуногун  сохта ба истифода дода шуда истодааст. Мавриди зикр аст, ки маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати рушду пешрафти ин соҳаи калидӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
 

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддие роҳандозӣ гардида, ислоҳот ва навсозиҳо босуръат мушоҳида мешавад.  Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокии  миёнаи аҳолии калонсол боло рафта, омори шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ  мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.
 

Бо мақсади таъмини шароити мусоид баҳри илмомӯзии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва соҳибкорону  шахсони саховатпеша бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
 

 Ба гуфтаи Музаффар Нозиров дар ҳоли ҳозир сохтмони як қатор иншоот, аз қабили муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз 100 таълимгиранда ва ҳамчунин дар назди ду муассисаи ноҳия бунёди 5 синфхонаи иловагӣ  пешбинӣ гардидааст, ки то охири сол ин иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
 

Баҳри таъмини солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоиди табобатӣ дар ноҳия давоми соли ҷорӣ се бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони ду бунгоҳи тиббӣ идома дорад.
 

Боиси ифтихор аст, ки баҳри ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳои ноҳия кулли сокинон дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромада, бо шинонидани гулу гулбуттаҳо ва тоза намудани ҷӯю заҳкашҳо дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ саҳми арзанда мегузоранд, - мегӯяд Музаффар Нозиров.
 

Сокинони сарбаланди ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истилолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назарас истиқбол намоянд. Қобили зикр аст, ки сокинони шарафманди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамасола ин санаи фархундаи  миллатро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.
 

Дар умум, аҳли заҳмати ин ноҳияи файзбор дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро сармашқи кори хеш қарор дода,  баҳри боз ҳам ободу зебо  гардидани сарзамини аҷдодиамон ҷаҳду талош намуда истодаанд,- изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат Музаффар Нозиров.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”