ҒОЛИБОН СОҲИБИ ТУҲФА ВА «ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ» ГАРДИДАНД

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва дастгириҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полколвники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамасола дар ноҳияи Ховалинг рушд ёфтани варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҳама қишрҳои ҷомеа мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегардад. Имсол низ бо иқдому дастгириҳои муҳтарам Вазири корҳои дохилӣ дар шаҳраки варзишии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ санаи 23-сентябр муосбиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ин чорабинии варзишӣ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовинони раиси ноҳия, сардори ШВКД дар ноҳия подполковники милитсия Амрдинзода Ҷ. А. ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи намудаи волейбол баргузор гардид ва варзишгарон миёни ҳам сабқат намуданд. Дар мусобиқаҳо тимҳои бозингарони ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо ширкат намуданд. Аз рӯи намуди бозии варзишии Волейбол ҷойи якумро волейболбозони Ҷамоати деҳоти Шугнов ва ҷойи дуюмро бозингарони деҳаи Оби Шур-и ҷамоати деҳоти Шугнов соҳиб гардиданд.