Мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дӯстӣ:  Рушди деҳот яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

  Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти деҳот таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст.
    Чунин дастгириҳо ва корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Дӯстӣ низ бараъло ҳис гардида бо дастгирии Ҳукумати мамлакат чандин биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, биноҳои тандурустӣ қомат афрохта ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам намудаанд.
Хусусан таи солҳои охир роҳҳои марказӣ ва дохилии маркази ноҳия пурра асфалтпуш карда шуданд.
  Имрӯз дар маркази Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии маркази Ҷамоати шаҳрак асфалтпуш карда шуд.
  Чунин иқдом чанд рӯз қабл дар ҷамоати мазкур амалӣ карда шуда зиёда аз 2 км роҳ асфалт карда шуда ба талаботҳои роҳдорӣ мутобиқ гардонида шуд.
Дар ин кор саҳми кормандони Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дӯстӣ низ хеле калон буда кормандон бо истифода аз техникаҳои роҳсозии ин муассиса роҳро мумфарш намуданд.