САФИ ҶАВОНОН БА ҲХДТ АФЗУДА ИСТОДААСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндасози ҷомеа – ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ки имрӯз боиси сарфарозист.  

Дар  баробари ба сари ҳокимият омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Қобили қайд аст, ки имрӯз аксари аъзоёни  ин  ҳизбро  ҷавонони бонангу  номус ташкил медиҳанд, ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда, дар баланд бардоштани маърифати сиёсии   шаҳрвандон    саҳми   назаррас гузошта истодаанд.

Ҳар як ҷавоне, ки аъзои ин ҳизб мегардад иброз менамоянд, ки мо ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар ҳисобида, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб карда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона  бо тарафдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон адо менамоем ва барои рушду нумӯи кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.