ТАЪМИНИ МУҲАССИЛИН БО ОБИ ТОЗАИ ОШОМИДАНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба касе об додан, мавзееро шодоб намудан амали хайру савоб мебошад. Имрӯзҳо чунин амалҳои инсондӯстона ва некбинона дар ҳудуди ноҳияамон зиёд ба чашм мерасанд.

Дар арафаи соли нави таҳсили 2023-2024 ташкилоти хайриявии “Тавҳид” амали эҳсонкоронаву хайрандешона намуда, дар МТМУ №37-и ҷамоати шаҳраки Бохтариён барои муҳассилин нуқтаи оби нӯшокӣ ташкил намуд.

Айни ҳол толибилмон ва омӯзгорони муассисаи мазкур аз ин нуқтаи оби нӯшокӣ самаранок истифода намуда, аз оби мусаффои он нӯши ҷон намуда истодаанд.

Кулли кормандон ба ташкилдиҳандагони ин амали нек изҳори сипос менамоянд.