АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ АШЪОРИ РӮДАКӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамасола 22-юми сентябрро ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн мегиранд ва ба ин муносибат дар муассисаву корхонаҳо чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву адабӣ баргузор менамоянд. Аз мероси сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба имрӯз 1100 байт пайдо гаштааст, бинобар ин муҳаққиқон болои ин шеърҳо тадқиқот бурда, омӯзгорону донишҷӯён бо қироати онҳо қаноат меварзанд.

Дар бораи бузургии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва миқдори шеъри ӯ шоири асри XII Рашидии Самарқандӣ чунин гуфтааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба
                  некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон
                  зебад сарӣ.
Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ
            раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд агар чунонки
                       бояд бишмарӣ.

Дар ин мақола мо кӯшиш намудем, ки ба чанд носаҳеҳиҳои шеъри Рӯдакӣ равшанӣ андозем, то хонандагон ҳангоми мутолиаи онҳо ба иштибоҳ роҳ надиҳанд.
Бисёр мешунавем ва мебинем, ки хонандагон аз беаҳамиятии омӯзгорон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ ҳангоми қироати шеърҳои Рӯдакӣ ба мазмуни онҳо сарфаҳм нарафта, шеърҳоро ғалат ва ё дар шакли носаҳеҳ мехонанд, ки дар натиҷа мазмуни онҳо дигаргун мешавад ва ё  байтҳо бемазмун садо медиҳанд. Чунончӣ, онҳо дар вақти қироат калимаи «нукта»-и рубоии зерини Рӯдакиро дар шакли «нуқта» мехонанд, ки маънои аслии шеър гум мешавад. Шакли саҳеҳи рубоӣ чунин аст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ,
                       мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ,
                       мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой
                         задан,
Гар дасти фидое бигирӣ,
                       мардӣ!

Ё худ, ҳангоми хондани шеъри «То ҷаҳон буд аз сари одам фароз...» ба маънии таркибҳои «мардумони бихрад» ва «рози дониш» диққат надода, онҳоро дар шаклҳои «мардумони бохирад» ва ё «мардумони бехирад» ва «роҳи дониш» мехонанд, ки дар натиҷа ҳам вазни шеър коста ва ҳам мазмуни он тира мегардад.  Ҳол  он  ки  шакли саҳеҳи шеърро аз китоб чунин мехонем:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Хотиррасон мнамоем, ки донишманди бузурги Эрон - Саид Нафисӣ солҳои зиёд ба тадқиқи рӯзгору осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машғул шуда, оқибат девони ӯро пайдо карда натавонист ва ҳангоми ҷустуҷӯ аз китоби «Ятим-уд-даҳр»-и Саолибӣ як шеъри арабии ӯро пайдо кард ва онро аз рӯи мазмун ба забони тоҷикӣ тарҷума кард, ки на ҳама аз ин огаҳӣ доранд. Мо дар поён аввал матни арабӣ ва баъдан тарҷумаи тоҷикии онро манзури хонандагон мегардонем:

Тасаввар-ад-дунё би айни-л-ҷаҳӣ
Ло би-л-латӣ анта биҳо танзуру
Ад-даҳру баҳрун фа-т-тахиз заврақан
Мин амали-л-хайри биҳи таъбуру.

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Аввалин фарҳанги ба забони тоҷикӣ-форсии то замони мо расида, ин «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ мебошад, ки дар он аз абёти зиёда аз 100 шоири қадима шоҳиди маъноӣ оварда шудааст. Ҳангоми мутолиаи он мо ба 163 байти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дучор омадем, ки муаллиф бо овардани он байтҳо калимаҳои қадимаи тоҷикӣ-форсии замони Рӯдакиро шарҳ додааст. Хушбахтона, тавассути чунин луғату фарҳангҳо як қатор абёти азбайнрафтаи Рӯдакӣ пайдо гардиданд.
Аз 1100 байти пайдогардидаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баъзе шеърҳое ҳам ҳастанд, ки ба шоирони дигар ба монанди Носири Хусрав, Ашрафии Саид Ҳасани Самарқандӣ, Усмон Мухтории Ғазнавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Маҳастӣ, Абусалики Гургонӣ, Шокири Бухороӣ, Рафеуддини Ланбонӣ (асри XIII), Паҳлавон Маҳмуди Қаттолии Хоразмӣ (асри XVI) низ нисбат дода шудаанд.
Дар поён фақат ду порча шеъреро намуна меорем, ки дар баробари Рӯдакӣ ба шоирони дигар низ нисбат дода шудаанд:
 
Чун теғ ба даст орӣ, мардум
                    натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест
              фаромушт...
(Носири Хусрав)

То кай гӯӣ, ки аҳли гетӣ
Дар ҳастию нестӣ лаиманд.
Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.

(Ашрафии Саид Ҳасани Самарқандӣ)

Ҳамчунин Рӯдакишиноси машҳури эронӣ Саид Нафисӣ ба баъзе шеърҳои шоир ба назари шубҳа нигариста, дар моли Рӯдакӣ будани онҳо шак варзидааст, ки дар поён матлаи он шеърҳоро намуна меорем:

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу
                           ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту
                      мушки сороро.

* * * *
Дило то кай ҳамеҷӯӣ манеро,
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро!

Хонандагон дар бештари ҳолат аз рӯи китобҳои пештар чопшуда рубоии дар санъати суолу ҷавоб навиштаи Рӯдакиро, ки дар мисраи дуюми он аломати китобат дуруст гузошта нашудааст, дар шакли носаҳеҳ менависанду мехонанд:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай?
                       Вақти  саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш
                              кӣ? Падар.
Додамаш (?) ду бӯса. Бар куҷо?
            Бар лаби тар,
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун
                     буд? Чу шакар!

Ҳол он, ки рубоии болоро ин тавр навиштану хондан дурусту саҳеҳ менамояд:

Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай?
                        Вақти саҳар.
Тарсанда. Зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш
                     кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар
                     лаби тар,
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун
                      буд? Чу шакар!

Ҳамчунин  қофияи  мисраи  чоруми рубоии  зерини  шоирро,  ки  калимаи
«нох(в)аш» мебошад, дар шакли «нохуш» менависанду мехонанд, ки нодуруст аст:

Дар манзили ғам фиканда
                      мафраш моем,
В-аз оби ду дида дил пуроташ
                 моем.
Олам чу ситам кунад, ситамкаш
                 моем,
Дасти хуши рӯзгори нохуш (?)
                 моем.

Қофияҳои шеър (мафраш, пуроташ, ситамкаш) тақозо мекунад, ки калимаи «нохуш» дар шакли «нох(в)аш» навишта ва хонда шавад:

Олам чу ситам кунад, ситамкаш
                 моем,
Дасти хуши рӯзгори нох(в)аш моем.

Дар макотиби миёна ва ҳатто дар донишгоҳу донишкадаҳо омӯзгорон оид ба шеъри машҳури «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-и Рӯдакӣ ба шогирдон маълумот дода, аз ноогаҳӣ баъзеҳо онро қасида ва баъзеҳо онро ғазал медонанд. Азбаски шеър дар китобҳо аз ҳафт байт иборат  ва аз лиҳози шакл ба ғазал монандӣ дорад, бархе омӯзгорон онро ғазал пиндоштаанд. Ҳол он ки ин шеър ба жанри қасида мансуб аст, зеро дар  он дар чанд маврид мадҳи шоҳ омада, дар мақтаи шеър шоир аз мамдуҳи худ талаби инъом кардааст:

Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме...
Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.

Оё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳақиқат кӯри модарзод буд ё онро дар охири умр ба чашмаш мил кашиданд? Дар бораи бино будан ва бо чашми сар дидани худ Рӯдакӣ чандин шеър дорад ва дар поён аз онҳо се намуна меорем:

Дар роҳи Нишопур деҳе дидам
                        бас хуб,
Ангуштаи ӯро на адад буду
                    на марра.
* * * *
Пӯпаке дидам ба ҳаволий Сарахс,
Бонгак барбурда ба абр-андаро.

* * * *
Меҳр дидам бомдодон, чун битофт,
Аз Хуросон сӯи Ховар мешитофт.

Дар нашрҳои собиқи ашъори Рӯдакӣ шеъри баҳорияи шоир бад-ин тарз омадааст, ки аз лиҳози вазн гарон аст:

Омад баҳори хуррам бо рангу
                      бӯйи тииб (?),
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши  аҷиб.

Бояд байти мазкурро ба ин тарз хонд:

Омад баҳори хуррам бо рангу
                    бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Ҳамчунин дар нашрҳои собиқ шеъри зерини Қатрони Табрезиро ба номи Рӯдакӣ меоварданд, хушбахтона, дар нашрҳои охир онро аз мероси шоир хориҷ намуданд:

Бихандад лола дар саҳро ба сони
                       чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони
                      дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯйи
                   гулоб ояд,
Дар ӯ шустаст пиндорӣ нигори
                   ман рухи гулгун.

Перомуни рӯзгор ва осори Рӯдакӣ суханҳои гуфтанӣ зиёданд, вале ин ҷо мо сари баъзеи онҳо иҷмолан андешаронӣ кардем. Боварӣ дорем, ки нуктаҳои дар боло зикршуда хонандаро ба саҳеҳияти ашъори Рӯдакӣ ҳидоят месозанд.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
номзади илмҳои филологӣ