САҲМГУЗОРӢ ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ташкилоти ибтидоӣ асоси фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳалҳо ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи дурусти замин, пешгирии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ пайваста миёни  мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.

Қобили зикр аст, ки сол аз сол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меафзояд. Зеро он ҳизби пешоҳанги ҷомеа буда, роҳбараш Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
 

Бояд қайд кард, ки дар ноҳияи Қубодиён соли сипаригардида 77 адад ташкилоти ибтидоӣ фаъолият мекард, ки ин рақам дар соли 2023 ба 80 адад расидааст. Шумораи аъзои ҳизб 9 ҳазору 390 нафарро ташкил медиҳад.

Кормандони Кумитаи иҷ-роияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён таъкид медоранд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани кори ташкилотҳои ибтидоӣ пайвас-та бо роҳбарон ва аъзои ҳизб суҳбату вохӯрӣ мегузаронанд. Зимни таҳияи ин матлаб мо кормандони нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» аз якчанд ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия дидан кардем. Маълум гардид, ки аъзои  ташкилотҳои ибтидоӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи ҳизбӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо таъмин ҳастанд. Вале утоқи алоҳидаи корӣ  надоранд.
 

Ташкилоти  ибтидоии  «Ниҳолпарвар» дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқло-лияти давлатии ноҳияи Қубодиён 5 нафар аъзо дорад. Ҳар яки онҳо бо ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ таъмин ҳастанд. Якчанд шиору овезаҳои ҳизбиро низ мушоҳида кардем. Вале утоқи кории алоҳида надош-танд. Бахтиёр Исломов, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур зимни суҳбат қайд кард, ки аъзои ҲХДТ будан боиси ифтихору сарфарозист. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мебошанд.
 

«Мо масъулини ташки-лотҳои ибтидоӣ фаъолияти хешро дар асоси Барномаву Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, сиёсати созандаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро  ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Мардумро ба корҳои созандагию ободонӣ даъват мекунем. Чунки рисолати ҳар як аъзои ҳизб роҳнамоии мардум ба амалҳои неку созанда аст. Айни ҳол бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ, аз ҷумла Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” роҳҳои ҳудуди деҳаи Ниҳолпарвар сангфарш  шуда истодаанд»,- мегӯяд Бахтиёр Исломов.

Дар доираи нақша-чора-биниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Аз ҷумла чунин тозакориҳо бо ташаббуси аъзои Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоляити давлатии ноҳияи Қубодиён бар-ъало эҳсос мешавад.
Ба гуфтаи Бахтиёр Исломов, раиси ташкилоти ибтидоии «Ниҳолпарвар» дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ айни замон роҳҳои маҳаллаву деҳоти ҳудуди ҷамоат, ки чанд соли охир то ҳадде ҳоли хароб доштанд, сангфаршу мумфарш шуда истодаанд, ки аз иқдомҳои неку созандаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дарак медиҳад.

 

«Хоҷагии деҳқонии "Ниҳол-парвар" дар назди худ 70 гектар замин дорад. Дар он наздики 400 ҳазор бех ниҳолони ороишиву мевадиҳанда парвариш карда мешавад. Вақте бо мардум суҳбатҳо мегузаронем, оид ба бунёди боғу токзорҳо низ маълумот медиҳем. Деҳқонон дар қисми заминҳояшон боғҳои мевадиҳанда бунёд карда истодаанд»,- ироа кард Б. Исломов.
 

Аъзои ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии ҷангал» дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии ноҳия  низ бо ҳуҷҷатҳои лозима ва шиору овезаҳои ҳизбӣ таъмин буда, аммо утоқи алоҳидаи корӣ надоранд. Бояд зикр кард, ки тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилотҳои ибтидоӣ бояд бо утоқи алоҳидаи корӣ, Парчам ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин бошад. Зимни суҳбат масъулин гуфтанд, ки дар рӯзҳои наздик утоқи корӣ барои ташкилоти ибтидоӣ ташкил намуда, бо аёниятҳои ҳизбӣ муҷаҳҳаз менамоянд.
 

Мирзомиддин Кабиров, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур мегӯяд, ки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии   Тоҷикистон   дар ноҳияи Қубодиён дар маҷ-лисҳои ташкилоти ибтидоӣ пайваста  иштирок карда, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбиро барояшон мефаҳмонанд. Та-шаббусҳои ҳизбӣ, аз ҷумла “Соати сиёсӣ”, “Мактаби ман”  ва “Рӯзи ёдоварӣ” дар самти рушди инфрасохтори маҳал хеле назаррас мебошанд.  
 

«Сангфаршкунию обёрику-нонӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, аёдати собиқадорону бепарасторон аз ҷумлаи иқдому ташаббусҳои мо ҳизбиён буда, мо аъзои фаъоли ҳизб пайваста дар амалӣ гаштани чунин амалҳои неку шоиста ва ташаббусҳо саҳми арзандаи худро мегузорем. Шиори Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” мебошад. Мо фаъолону аъзои  ҳизб таҳти сиёсати хирадмандонаи  фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба зиндагии осоишта ҷаҳду талош мекунем»,-илова кард Мирзомиддин Кабиров.
 

Тавре дар боло гуфта шуд, ташкилоти ибтидоӣ асоси фаъ-олияти Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон буда, аз ин рӯ кормандони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки фаъолияти хешро бо ташкилотҳои ибтидоӣ зич ба роҳ монда, баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош намоянд.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»