ФАЪОЛИЯТИ КОРГОҲИ ДУЗАНДАГИИ НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Коргоҳи дӯзандагӣ фаъолияти худро шуруъ намуда, дар он занони хонашин ба кор ҷалб гардидаанд. Дар Коргоҳи дузандагии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара 10 – нафар занони хонашин ба ҷойи корӣ доими таъмин гардида, фаъолияти худро баҳри хубтару беҳтар гардидани шароити зиндагиашон равона менамоянд. 

Зимни вохӯрӣ  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо занони дузандаи ин Коргоҳ, иброз намуд, ки барои таъмини занону духтарон бо ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону бонувон ба омӯзиши касбӣ дӯзандагӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ватанӣ яке аз ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.