КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МТМУ №1

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои таъмиру азнавсозии иншоотҳои гуногуни ёрирасон дар муассисаи таҳлилоти миёнаи умумии №1 бо ташаббуси директори муассиса ва дастгирии асотсиатсияи падару модарони мактаб дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” роҳандозӣ шуда истодааст. Инчунин, дар муассисаи мазкур корҳои сохтмонӣ дар анбори нигоҳдории маводҳои сузишворӣ барои замистонгузоронии муассиса рафта истодааст. Масъулин мақсад дорад, ки бо истифода аз рӯзҳои офтоби болопуши анборро ба пурагӣ азнавсозӣ намоянд.