МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД ДАР ТОҶИКИСТОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Нимаи дуюми 8 сентябр, дар шаҳри Бохтар мулоқоти узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.
 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарияти бонки мазкур барои ҳамкории пайваста ва судманд сипос гуфта, изҳори итминон намуд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки вилоят минбаъд низ босамар идома хоҳад ёфт.
Дар рафти мулоқот саҳми бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар сатҳи маҳал, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обёрӣ, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо дар вилояти Хатлон таъкид гардид.

 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии қобили меҳнат, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллиро аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.
 

Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел қайд кард, ки намояндагии бонк ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкорон, машваратҳои касбӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, обтаъминкунӣ алоқаманд мебошад.
 

“Тавре ки иттилоъ дорем, дар Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ таъсис дода шудааст, ки ин аввалин чунин марказ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мо аз ин талоши ҷониби Тоҷикистон барои рушди зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод ҷонибдорӣ мекунем”, - афзуд ҷаноби Холгер Вифел.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.

Шуъбаи таҳлилию иттилоотии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон