Сокинон бо обҳои аз ҷиҳати экологи тоза таъмин гардиданд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастраси ба оби ошомиданӣ ва полезӣ проблемаи имрӯзу дирӯз нест. Ин масъала аз вақти пайдоиши инсоният аз он масъалаҳоест, ки одамон роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Зеро бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз ҳам кишварҳое ҳастанд, ки мардумашон аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар баъзе давлатҳо нархи об аз нархи сӯзишворӣ ҳам боло меистад. Хушбахтона кишвари мо аз ҷиҳати обҳои софу ошомидани бой аст ва дар тамоми гӯшаву канори ватани азизамон сокинон дар хонаҳои худ аз обҳои софу тоза бемамоният истифода мебаранд. Чанде қабл бо ибтикори шахсони хайрхоҳу соховатпеша ва соҳибкорони ватандӯст дар деҳаи Хоҷа-Мӯъмини Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ корҳои обёрикунӣ ба масофаи зиёда аз 7 километр оғоз гардида буд. Инак дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои обёрикунӣ ба охир расида, сокинон бо обҳои ошомидании аз ҷиҳати экологи тоза таъмин гардиданд ва яке аз мушкилоти асосии деҳа ҳалли худро ёфт.

Бояд қайд намоем, ки дар маросими ифтитоҳи  раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, намояндагони МИҲД-и ноҳия, намояндагони ҷамоати мазкур ва хурду бузурги деҳа иштирок намуданд. Дар ин рӯз хурсандии сокинон ҳадду канор надошт ва ин рӯзи хурсанди дар ёди сокинон ҳамешагӣ, чун нақш дар санг боқӣ хоҳад монд.