Таъмини нафақаи ҳизбӣ дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ашхоси ниёзманду барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд, зикр намуд раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ зимни таъмини нафақаи ҳизбӣ ба падари маъюби гуруҳи якум Раҳматов Наҳтулло аз ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ.Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар моҳ ба 4 нафар шаҳрвандони маъюб нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонигӣ дастрас гардонида мешавад, ки ин далолат аз таваҷҷӯҳи доимӣ ва ғамхории пайвастаи Пешои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад. Ногуфта намонад, ки шод намудани дили маъюбону ранҷурон амали хайр аст ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар партави сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои маҳбуби мардуми тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар моҳ ба маъюбони зикргардида нафақаи ҳизбиро дастрас менамоянд.