Кӯмак ба ниёзмандон дар арафаи ҷашни 32-солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Парҳезгориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро аз рӯи имконият гирифтан, ба шахсони камбизоат кӯмак кардан, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби инсонӣ мебошанд.Дар партави гуфтаҳои боло ва дар арафаи ҷашни 32-солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо ҷалби шахси хайрхоҳу саховатпеша, аъзои фаъоли ҲХДТ, вакили ноҳиявӣ аз ҳавзаи интихоботии №13, чор нафар шахсони ниёзманду маъюб аз деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо маблағи пулӣ ба миқдори 500 сомонӣ ҳар кадоме дастгирӣ карда шуд. Зимни сӯҳбат бо кӯмакгирифтагон муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ қайд намуд, ки вакилони савобҷӯӣ ноҳиявӣ, соҳибкорони хайрхоҳ ва дигар шахсони имкониятдошта дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро дар мадди аввал гузошта, мунтазам ятимону бепарасторонро дастгирӣ хоҳанд намуд ва дасти мадад расонидан ба шахсони маъюбу барҷомонда, яккаву танҳо, ятиму ниёзмандро ҳадафи асосии худ қарор дода,  нисбат ба онҳо бетафовут нахоҳанд буд.