НАҚШИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Давоми соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар пешрафту навгониҳо ва дастовардҳои назаррас ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст. Самараи назарраси он сол аз сол афзудани шумораи бонувон дар арсаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, аз ҷумла вазифаҳои роҳбарикунанда мебошад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Кӯшониён дар самти таъмини занон ба ҷойи кор ва боло бурдани мақоми занон дар ҷомеа  як қатор корҳои муҳим  ба анҷом расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки чун дар дигар шаҳру навоҳии вилоят имрӯз  саҳми  занону духтарони ноҳияи Кӯшониён  дар рушду пешрафти ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва соҳаҳои мухталиф назаррас арзёбӣ мегардад. Муслима Амонзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, иброз медорад, ки  шуъбаи мазкур фаъолияти хешро дар самти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», барномаҳои давлатии марбут ба масъалаҳои таҳкими нақш ва манзалати занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва бо шуғл фаро гирифтану беҳтар намудани маърифати ҳуқуқии занон ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ  дар ин самт тадбирҳои судманд меандешад.
 

Ба гуфтаи Муслима Амонзода айни замон  нуфузи аҳолии ноҳия ба 269  ҳазору 187 нафар мерасад, ки 133 ҳазору 136 нафари онҳоро занон ташкил медиҳад, ки ин 49,4% фоизи аҳолиро дар бар мегирад.
 

Истиқлоли давлатӣ волотарин ва арзишмандтарин неъмат ва дастоварди бузурги миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ роҳи дурахшони ояндаи мо муайян гардид. Ин неъмати бебаҳо, ки имсол 32-юмин солгарди онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта истодаем, дар баробари соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ба мардуми Тоҷикистон нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро ато намудааст.
 

Истиқлол ин худ рамзи соҳиб-давлатӣ ва ватандории миллати мутамаддини тоҷик арзёбӣ гардида, баъди ба даст овардани он миллати мо тақдири худро бо дасти хеш навишта, мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон рӯз аз рӯз не, балки соат ба соат пеш рафта, истодааст,  - мегӯяд Муслима Амонзода.
- Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз Тоҷикистонро бештар аз 180 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол мешиносанд ва бо мамлакати мо робитаҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, ки ин ифтихори ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳим дар самти  баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа андешида шуд.  Айни замон дар ноҳияи мо фаъолияти занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, фарҳанг бештар ба назар расида, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд. Ҳамзамон қисмати зиёди занону бонувон дар самти кишоварзӣ низ  фаъолияти хуб доранд.

 

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо занону духтарони ноҳия дар баробари мардон баҳри ободию созандагиҳо саҳми арзанда дошта, пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо муҳими кишвар  кору фаъолияти назаррас менамоянд.
 

Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору таҳсил бонувони тоҷик заминаи хубе фароҳам оварда шуд, ки бо иқдомот ва ташаббусҳои худ занону духтарон собит намуданд, ки метавонанд дар тамоми соҳаҳо занон муваффақ ва дар баробари мардон дар рушду тараққиёти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.
 

Дар идомаи суҳбат Муслима Амонзода изҳор дошт, ки бо мақсади бештар огоҳӣ пайдо намудан аз қонунҳои амалкунандаи кишвар ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба мардуми шарифи мамлакат ироа мегардад, бо усули хона ба хона вохӯрию суҳбатҳо дар байни  занону духтарони ноҳия гузаронида мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини шуъбаи мазкур 470 суҳбату вохӯриҳо миёни аҳолии ҷамоату шаҳракҳои ноҳия  гузаронида шудааст. Дар баробари оне, ки занон дар вазифаҳои баландпоя кору фаъолият менамоянд, инчунин онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон низ нақши калидиро мебозанд.
 

Зан дар зиндагӣ тарбиятгаре мебошад, ки дар бархе аз ҳолатҳо ояндаи фарзандон ба дасти ӯст. Рисолати азалии ӯ, пеш аз ҳама, тарбияи дурусти фарзанд ва ташаккули солими шахсияти он ба ҳисоб меравад. Дастони муъҷизакор ва суханони сеҳромези зан наслеро месозад, ки дар оянда миёни ҷомеа мавқеи устувори худро пайдо менамояд ва кишвару миллати худро ба ҷаҳониён ба тариқи шоиста муаррифӣ мекунад, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
 

- Баҳри баланд бардоштани  донишу малакаи ҷавондухтарон доир ба оиладорию рӯзғордорӣ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳфили “Рӯзғордорӣ” ба роҳ монда шудааст. Мақсад аз баргузор ва роҳандозии ингуна маҳфилҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, баланд бардоштани донишу малака, касбомӯзӣ ва ба ин васила омӯзиш гирифтани ҷавондухтарон аз ҳаёту таҷрибаи  занони рӯзгордида мебошад.
 

Имрӯзҳо яке аз дастовардҳои асосии занону духтарони ноҳия ин рушди ҳунарҳои дастӣ мебошад, ки бонувон ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, бофандагӣ ва чакандӯзиро натанҳо дар сатҳи ноҳияву вилоят, балки дар саросари ҷумҳурӣ муаррифӣ намудаанд. Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шавқу рағбати занон ба ин самт бештар шуда, бо бунёд гардидани коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ дар сатҳи маҳал барои занон заминаи хубе   барои пайдо намудани ҷойи кор гардид.
 

Хулоса, занону духтарони ноҳия дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва вилоят ширкат варзида, ҳунарҳои дастии худро пешкаши муштариён ва иштирокчиёни намоишу чорабиниҳои фарҳангӣ месозанд, - иброз дошт дар фарҷоми суҳбат мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Кӯшониён.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”