РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёби ҲХДТ дар ҳама ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ корҳои ободонӣ бо маром ҷараён дорад. Аз ҷумла дар ташкилоти ибтидои “Шаҳрак” дар кӯчаю маҳалҳо корҳои таъмир ва рангубори  биноҳои баландошёна бо саҳми сокинони шаҳрак идома дошта, бо саҳми назарраси аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”  тамоми роҳравҳо ва ҷуйборҳои маркази шаҳрак аз алафҳои бегона тоза карда шуданд.