ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии навбатӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "СЭС ва  маркази тропикӣ" гузаронида шуд. Зимни вохури мутахассиси бахши оморӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамзияи Ҳисайндухт иброз намуд, ки пайвастан ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишони садоқат ба Ватан ва давлат буда, ба шаҳрванд мақоми сиёсӣ дода, ба ӯ ҷиҳати иштирок ва саҳмгузории бевосита дар идоракунии муносибатҳои сиёсӣ (давлатӣ) имконият фароҳам меоварад.