Ҷараёни корҳои азнавсозии МТМУ №21-и ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар баъзе аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ корҳои таъмиру азнавсозӣ то ба ҳол ҷараён дорад. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ва муовини раиси ноҳияи Восеъ Гулмуродзода Бибинисо аз ҷараёни корҳои азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи Шобикаи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияро дидан намуданд. Бояд қайд намоем, ки коллективи омӯзгорон дар корҳои таъмиру тармим саҳми назаррас доранд. Ба муассисаҳои таълимӣ барои расонидани ёрии амалӣ дар таъмири муассиса собиқ хатмкунандагони ин даргоҳ ҷалб карда мешаванд. Зимнан зимни боздид роҳбарияти муассиса қайд намуданд, ки таълиму тарбияи насли ҷавон ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил ба онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбад. Ҳамзамон иброз гардид, ки дар рӯзҳои наздик корҳои рангубору азнавсозӣ ба анҷом расида, муассисаи мазкур пурра омода мегардад.