1-УМИ СЕНТЯБР РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №41-и ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲУСАЙНОБОД

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 1-уми сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рӯзи Дониш, дарси Сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ботантана таҷлил карда мешавад. Имсол низ ин санаи фархундаву ҳуҷаста басо хотирмон ҷашн гирифта хоҳад шуд. Зеро, устодону шогирдони макотиби миёнаву олӣ ба он омодагии ҳамаҷониба дидаанд.

 

              Ба ҳамин хотир санаи 1-уми сентябр дар баробари дигар мактабҳои диёр дар муассисаи таълимии №41-и Ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳия Темурмалик бахшида ба Рӯзи дониш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид раиси Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод Сафаров Сулҳиддин ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби Сатторзода Шамсулло баргузор гардид.

              Зимни баромад аз қадру манзаллати омӯзгор, даргоҳи муқаддас, хазинаи илму маърифат, дунёи дигари омӯзиши зебогии ҳаёт, табассумҳои гарми устодону шодиву хурсандии падару модарон суханронӣ намуд.

              Тавре маълум аст, таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ба арафаи таҷлили яке аз санаҳои муқаддаси таърихи давлатдориамон 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст ва ба ин муносибат раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид кулли кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва мардуми сарбаланди ноҳияи Темурмаликро ба Рӯзи Дониш, самимона табрик менамояд. Бигзор ҳар рӯзи кишвари мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.