СИФАТИ ТАЪМИРИ МТМУ №37 ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БОХТАРИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31- уми августи соли ҷорӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Амризода Бадахшон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо дар идомаи шиносоӣ аз ҳолати омодагиҳои муассисаҳои таълимӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, аз таъмир ва омодагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумиии №37 дидан намуданд. Дар муассисаи таълимӣ пурра корҳои таъмирӣ ба анҷом расонидашуда, барои оғози соли нави хониш омода мебошад.