Муассисаи таълимӣ хонандагонро дар синфхонаҳои тозаву барҳаво интизор аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муассисаи таълимии №64-и ноҳияи Восеъ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, хонандагонро дар синфхонаҳои тозаву барҳаво интизор аст. Таъмири ҷории синфхонаҳо бо кӯмаку дастгириҳои кумитаи падару модарон, омӯзгорон ва кормандони техникии муассиса амали гардидааст.Айни замон муассиаи барои соли нави хониш пурра омода аст.  Ҳамзамон роҳбарияти муассиса қайд намуданд, ки таълиму тарбияи насли ҷавон ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсил ба онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбад.