ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ шахсони барои аъзошавӣ ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ муроҷиатнамуда ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил карда шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд. Қабл аз тақдими шаҳодатномаҳои ҳизбӣ масъулин бо аъзои нав оид ба таърихи таъсисёбӣ, моҳият, ваззифа ва нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа, уҳдадориҳои аъзои ҳизб, зарурати масъулиятшиносии аъзо суҳбат намуда, аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода табрику муборакбод намуданд. Ҳамчунин масъулин аз аъзои нав дарки масъулият, саҳм гузоштани дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбиро талаб намуданд.