САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАВӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Истифодаи самараноки заминҳои наздимуассисавӣ яке аз воситаҳои асосии дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад. Имрӯзҳо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин таъкид мекунанд: “Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани ду ва се ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем”,-ро шиори худ намуда, самаранок меҳнат мекунанд. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ аз заминҳо дидан намуданд, маълум шуд, ки кормандони муассиса барои гирифтани ду ва се ҳосил аз заминҳои наздимуассисавӣ ва захираи худ ҷаҳду талош доранд.