МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад. Имрӯзҳо сокинони маҳаллаи Арал суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин таъкид мекунанд: “Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани ду ва се ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем”,-ро шиори худ намуда, самаранок истифода бурда, меҳнат мекунанд. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ аз заминҳои маҳаллаи зерин дидан намуданд, маълум шуд, ки сокинон барои гирифтани ду ва се ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи худ ҷаҳду талош доранд.