МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТАХТИ САНГИН

Қубодиён: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён  маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Тахти сангин баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии вамоати деҳоти Тахти сангин Сайфуллозода Фирдавс оғоз намуда, аз рӯи чор масъала:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Тахти сангин дар давраи ҳисоботӣ.

2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Тахти сангин.

4. Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии ҷамоати деҳотиТахти сангин Сайфуллозода Фирдавс оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Музаффаров Иззат баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳи комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафт саҳми худро гузошта истодааст.

Ҳамчунин, раиси тозаинтихоби ташкилот баромад намуда, зикр намуд, ки имрӯз ҲХДТ ҳамчун ниҳоди давлатӣ баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ талош карда, зуҳуроти аслии таҳкими давлатдорӣ ва ривоҷи тараққиёти иқтисодии миллӣ заминаҳои мустаҳкаме гузоштааст. ҲХДТ ҳамчун мазҳари ягонаи сулҳофар баҳри таҳкими пояҳои давлатории миллӣ фаъолияти наҷиберо ба роҳ мондааст, ки зиндагии саодати мардумро вусъат медиҳад. Нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроз аст.