СИТОДИ ҲИЗБӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

17-уми августи соли  ҷорӣ дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар Ситодҳои ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашни “30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, “Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Ситод Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, муовинони раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва муҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
 

Тавре, ки Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроия вилоятии ҳизб зимни баромади хеш иброз дошт, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии  таъсисёбии ҲХДТ бояд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои таблиғотӣ, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои  созандагию бунёдкорӣ бо ҷалби фаъолони ҳизб, соҳибкорони муваффақу саховатпеша дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шавад. Ҳамчунин,  корҳои ободонию созандагӣ дар сомонаи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» инъикос карда шавад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои сари вақт иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ба масъулони ноҳияҳои Балҷувону Темурмалик ва Восеъ изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, ба раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои камфаъол, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд, супоришҳои мушаххас дода, аз масъулин даъват ба амал овард, ки ҳамкориро дар ин самт бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тақвият бахшанд.
 

Дар рафти Ситод таъкид гардид, ки кормандони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки  ҷиҳати сафарбаркунии  ҷавонони синни даъватӣ ба хидмати ҳарбӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам бештар ба роҳ монда,  дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси масъулиятшиносӣ дар адои қарзи хизмати ҳарбӣ фаъолони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо ҷалби зиёиёну собиқадорон ва шахсиятҳои обрӯманди маҳал миёни мардум суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд.
 

Инчунин, дар идомаи Ситод масоили вобаста ба  фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, пешниҳоди андешаву вокуниш ва мақолаҳои таҳлилӣ  ба сомонаи вилоятӣ ва нашрияҳои ҳизбӣ, қабули аъзои салоҳиятнок, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, афзоиши ташкилотҳои ибтидоӣ,       сафарбаркунии шаҳрвандон ба кор дар сохтмони ҶСК НБО “Роғун”, истиқболи шоиста аз 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ   баррасӣ гардида, ба масъулин  супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ ба истиқболи ҷашни 30 -солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар суҳбату вохӯриҳои оммавӣ ва ҳамчунин тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба корномаи мондагори собиқадорони ҳизб барномаву матлабҳои тарбиявӣ таҳия ва пешкаши ҷомеа гардонида шавад. Зеро фаъолияти содиқонаи со-биқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз солҳои аввали таъсисёбии ин неруи сиёсӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ саҳми ниҳоят муҳим гузоштаанд, намунаи ибратомӯзӣ барои аъзои фаъоли ҳизб ва насли ояндаи ҷомеаи мо ба ҳисоб хоҳад рафт.
 

Зимни баррасии масъа-лаҳои мубрам Саидзода Ҷамшед Ҳамро изҳор дошт,  ки дар баробари ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбиён дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбия намудани ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ, ҳамчунин, фаъолияти Ситоди назди кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳоро ҷиддӣ ба роҳ монда, аз натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳо сари вақт ба Ситоди назди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон гузориш пешниҳод карда шавад.

«Ҳамрози халқ»