ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Вахш: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Вахш санаи 24-уми августи соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол»-и ҷ/д Ваҳдат, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳия Раҳматуллозода Д. ва дигар масъулин иштирок намуданд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба;

-Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023;

-Вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”,

-Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ,

-Иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас Раҳматуллозода Д. баромад намуда, оид ба пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуд.