МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БЕМОРХОНА”.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон санаи 22-уми августи соли равон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхона” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Қосимов Нурулло ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхона” Файззода Ҷурабек  оғоз намуда, аз рӯи шаш масъала:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Беморхона” дар давраи ҳисоботӣ.

2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

3.Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ.

4. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхона”.

5.Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ.

6. Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “Беморхона” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхона” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Қосимов Нурулло баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст.

Ҳамчунин раиси тозаинтихоби ташкилот  Файззод Ҷурабек баромад намуда, зикр намуд, ки имрӯз ҲХДТ ҳамчун ниҳоди давлатӣ баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ талош меварзад.