ТАБИБОН ЗИЁБАХШАНДАГОНИ МИЛЛАТАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз лиҳози он ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муњим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули  низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони соњибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад. Бо мақсади иқстиқбол гирифтан аз Рӯзи касбии табибон дар беморхонаи марказии ноҳия чорабинии идона баргузор гардида, зиёда аз 35-нафар табибони ноҳия ҳамчун рамзи эҳтирому қадрдонӣ бо Сипосномаҳои Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ гардиданд.