БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ БО МАҚСАДИ ТОЗАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба пешвози соли нави хониш дар МТМУ№12 деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб корҳои ободони доир карда шуданд.Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва дар амал табиқ намудани карори раиси ноҳияи Фархор ҷиҳати омодагиҳо ба соли нави хониш ҳашари дастаҷаъмона бо иштироки беш аз 30 нафар сокинон ва омӯзгорон гузаронида шуд. Дар ин замина тозаву озода намудани шафати роҳ, бартараф намудани партовҳои полиэтиленӣ, поккории гирду атрови муассиса, тоза кардани ҷӯйҳо ва ба тартиб даровардани роҳрави ҳудуди мактаб ҷараён гирифт. Покизакориҳо инчунин дар маркази макрази ноҳия, атрофи корхонаву ташкилот, идораҳои маъмурӣ ва қаламрави деҳот ташкил ва гузаронида шуданд.