Ободии диёр, саодати мост.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, тоза намудани назди корхона, муассисаҳо ва шафати роҳҳои мошингузар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, санаи 19.08.2023 дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ, шанбегӣ баргузор карда шуд.

Аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва кормандони муассисаву ташкилотҳо ба ҳашар баромада атрофи корхонаҳои худ ва шафати роҳҳои ноҳияро аз алафҳои бегона тоза карда гулу дарахтонро обёрӣ намуданд.