ОМОДАГИҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳим дар самти худшиноии миллӣ, сатҳи маърифатнокии мардум ва муаррифгари фарҳанги миллӣ буда, ҳамавақт зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва баҳри баланд бардоштани инкишофи ақливу зеҳнӣ, қобилияти дарку фаҳмиши насли ҷавон, аҳамияти хос зоҳир карда мешавад, чунки барои сохтану пешрафт кардани ҷомеаи солим маҳз ҳамин насли навраси солим заминагузор мешавад. Бо ҳамин мақсад ва ба хотири сазовор пешвоз гирифтани соли нави таҳсил, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳияи Вахш, муассисаҳои таълимиро пурра омода намуда истодаанд. Аз ин ташаббуси аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ маълум мегардад, ки ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонӣ, тозаю зебо гардонии дохил ва беруни муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст.