ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ДАР БАЙНИ АҲОЛӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,  имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва маҳаллаҳо сӯҳбату вохӯриҳо бо сокинони деҳот доир гардида истодааст.

Чунин иқдом имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли  ноҳияи Дӯстӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми сӯҳбат  аз рӯзҳои аввали ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда саҳми барҷастаи сарвари давлатро бори дигар ба саҳми ҳозирин расониданд.
Ҳамзамон вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигии сокинон таъкид карда шуда, барои захираи дусолаи маводҳои ғизоӣ дар хонаи ҳар як шаҳрванд гуфта гузаштанд.
Инчунин барои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гуруҳҳои ифротгароӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  падару модарон бори дигар огоҳ карда шуданд.