МАОРИФ – СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори қасри фарҳанги маркази ноҳия  машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии соҳаи маорифи ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

           Дар кори он раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан, намояндаи раёсати маорифи вилояти Хатлон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, директорони муасисаҳои таълимии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок доштанд.

            Нахуст раиси ноҳия кори солонаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияро таҳлил намуда барои оғози соли нави хониши дар пеш истода муваффақиятҳо орзу намуд.

             Раҷабзода Маҳмадсаид – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик аз рӯи мавзӯи “Вазифа ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи маориф” дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022 баромад намуда ҳозиринро ба оғози соли нави хониш табрик намуд.

             Дар охир ба пешсафон Сипосномаҳои Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Темурмалик ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик супорида шуд.