САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИНҲОИ КОРАМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои корам, рӯёнидани ҳосили такрорӣ Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои оммафаҳмонӣ ва таблиғотиро дар ин самт боз ҳам пурзӯртар намуда истодаанд.

Ба ҳамин мақсад гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Гулова Сафаргул ва Абдуллоев Мирвоҳид  аз Хоҷагии деҳқонии Нури Сомон ва вазъи заминҳои корам дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор дидан нумуданд .

Баҳри самаранок истифода бурдани замин раиси хоҷагии деҳқонӣ Пиров Абдулрофеъ ва  масъулони хоҷагӣ аллакай ба чидани пахтаи навъи “Флешки” оғоз намуда, маводҳои ғизоиро захира намуда истодаанд.