БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МОЛИЯЧИЁН”

Қубодиён: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён санаи 14-уми августи соли равон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молиячиён” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат, Намозова Холида мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Молиячиён” Ҳакимзода Умед оғоз намуда, аз рӯи чор масъала:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Молиячиён ” дар давраи ҳисоботӣ.

2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “ Молиячиён”.

4. Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

           Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “Молиячиён Ҳакимзода Умед оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Молиячиён ” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Хаимова Малоҳат баромад намуда иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст.

          Ҳамчунин, раиси тозаинтихоби ташкилот баромад намуда, зикр намуд, ки имруз ҲХДТ ҳамчун ниҳоди давлатӣ баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ талош карда, зуҳуроти аслии таҳкими давлатдорӣ ва ривоҷи тараққиёти иқтисодии миллӣ заминаҳои мустаҳкаме гузоштааст. ҲХДТ ҳамчун мазҳари ягонаи сулҳофар баҳри таҳкими пояҳои давлатории миллӣ фаъолияти наҷиберо ба роҳ мондааст, ки зиндагии саодати мардумро вусъат медиҳад. Нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроз аст.