ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  
Дар ташкилоти ибтидоии ”Яккатут” дар Ҷамоати деҳоти Яккатут, деҳаи Ҷомӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти мазкур ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар рафти баргузории маҷлис тибқи бандҳои рӯзнома интихоби раис бо дастгирии аксарияти иштирокчиён ба овоз монда шуда, аз сари нав интихоб гардид. Ҳамзамон, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Баротова Зинат ба сухан баромада, оид ба масъалаи танзими ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб сухан намуда, масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис пешниҳодшуда баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Баъдан, аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, ҳамагонро барои пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолият ва таъсисёби 30-солагии ҲХДТ аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоем.