РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ЁВОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шоми 12.08.2023. аз соати 17:00 то соати 20:00 дар боғи “Кӯдакон”-и ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе бо иштироки мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намоишҳои маҳсулотҳои саноативу сохтмонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, кундалнигорӣ, зардӯзӣ, расомӣ, нонию қаннодӣ, дастовардҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, инчунин барномаи фарҳангию адабии аҳли фарҳанги ноҳия таҳти унвони «Файзи Истиқлол» дар сатҳи баланди омодагӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки аз ҷониби аҳли намояндагони ҳукумати мамлакат баҳои баланд дода шуд.