Фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Туғай” дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардид.

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Туғай-МТМУ №62”-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва аъзоёни ташкилот гузаронида шуд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Туғай-МТМУ №62” дар давоми фаъолияти худ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 якқатор корҳоро бо сомон расонидааст. Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда, махсусан, дар тарбияи насли наврас назаррас буда, мунтазам ба онҳо соатҳои тарбиявӣ баҳри фарқи некро аз бад, сиёҳро аз сафед гузаронида шуда, онҳоро барои дӯст доштани ватану модар, ҳифзу эҳтироми муқаддасоти миллӣ, дур будан аз гурӯҳҳои тунду ифротӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ талқин менамоянд. Дар идомаи бо овоздиҳӣ аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Туғай-МТМУ №62” роҳбари ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб карда шуда, қарорҳои дахлдор вобаста ба дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қабул карда шуданд.