ҚИТЪАҲОИ АЛОҲИДАИ РОҲҲО МУМФАРШ МЕШАВАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, Раиси ноҳия Назирӣ Зариф қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои ҳудуди шаҳраки Фархор мумфарш карда шуданд. Дар доираи ин ташаббуси созанда фаъолони ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои ташкилотҳои ҳизбии “Роҳсоз” ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромада, қитъаи алоҳидаи роҳро мумфарш карданд. Ҳашарчиён бо дилгармӣ пайи кори созанда гардида, роҳсозонро дасти ёрӣ дароз намуданд. Муносиби зикр аст, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои автомобилгард марҳила ба марҳила таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш карда шуда, мавриди баҳрабардории сокинон қарор мегиранд.