КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои таъмиру азнавсозии синфхонаҳо дар муассисаи таълимии №55 дар доираи амалиёти “Мактаби ман” аз тарафи сокинони саховатманди деҳаи Саховат ва хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ роҳандози шуда истодааст. Корҳои таъмириро бо тариқи ҳашар омуӯзгорони муассисаи мазкур ба анҷом расонида истодаанд. Айни замон корҳои рангу бори қисми берунии бинои муассиса бо маром ҷараён дорад. Ногуфта намонад, ки дар муассисаи мазкур соли гузашта дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисто ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 4 синфхонаи иловагӣ бо шаку симои замонави сохта ба истифода дода шуда буд.