РОҲСОЗОНРО ДУОЕ МЕРАСАД...

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат шароити роҳдорӣ ва рафтуомади сокинон бо минтақаҳои дурдасти куҳҳӣ дастрас буда, ин омил имкон медиҳад, ки раванди кашондани молу маҳсулот ва рафтуомади мардум дар ҳама фаслҳо таъмин бошад.

Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди “Яхчипун”-и  ноҳия дар масъалаи хизматрасонии босифати роҳдорӣ ва осон намудани мушкилоти мардум дар минтақаҳои хизматӣ  пайваста фаъолияти бомаром  дошта, ба масъалаи беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии роҳдорӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар тавозуни ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур зиёда аз 85 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 36 км  роҳҳои аҳамияти маҳалидошта қарор доранд ва дар  соли равон дар  доираи имкониятҳо дар дохили деҳаю маҳалаҳо бо ҷалби техникаю механизмҳои  муассиса 47 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта   дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти  Даштиҷум ва ба номи Нуриддин Маҳмудов тахту ҳамвор ва васеъ гардонида шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра 8 км роҳи душворгузари мавзеи  сарҳадии “Сариғор”, ки солҳои зиёд рӯи таъмирро надида буд аз ҷониби муассисаи мазкур тахту ҳамвор ва васеъ гардонида шуд, ки барои кашонидани молу маҳсулот ба  минтақаи  сарҳадӣ ва рафтуомади сокинон дар минтақаҳои душворгузар мусоидат менамояд.

Ҳизбиёни ин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар оянда низ бобати тахту ҳамворсозии роҳҳои аҳамияти маҳалидошта дар минтақаҳои куҳҳӣ дар доираи имкониятҳо ва дастгириҳои давлат ба мардум хизмати содиқона мерасонанд.