ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, ҳидоятҳои  созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо вусъати баланд идома доранд. Ин навбат сокинони шарафманди деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳои Ситораи Сурх дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои мошингарди дохили деҳаро дар масофаи 1,2 км бетонпӯш намоянд. Бояд гуфт, ки  иқдоми мазкур бо саҳми маҳалла, соҳибкорону шахсони хайрхоҳ  ба ифтихори 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ карда мешавад. Иқдоми сокинони ватандӯсти маҳаллаи Пахтакорро намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.